Путин бо Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТСайид Ибрагим Раиси, президент Ирана
Сайид Ибрагим Раиси, президент Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Раисҷумҳурон изҳори омодагӣ намуданд, ки дар истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон кумак хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар як гуфтугӯи телефонӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳурони Русия ва Эрон омодагии худро барои кумак ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар эълон кардаанд.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар ояндаи наздик ирсоли кумакҳои башарӣ аз ин кишвар ба Афғонистон шуруъ мешавад.
Противостояние национальной обороны Афганистана против террористов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Кабулов: Русия барои кушодани гиреҳи сиёсии Афғонистон кумак хоҳад кард
Президенти Русия аз ирсоли маводи ғизоӣ ва колоҳои зарурӣ дар оянда хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, зимни табодули афкор дар бораи вазъи Афғонистон, "омодагӣ барои мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар таъкид шуд".
Ёдовар мешавем, ки қудрат дар Афғонистонро толибҳо нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала