Русия дархости Қирғизистонро рад ва шаҳрванди Тоҷикистонро озод кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкГенеральная прокуратура России
Генеральная прокуратура России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Диловар Ҷӯраев, ки авоили моҳи ҷорӣ бо дархости Ҷумҳурии Қирғизистон дар Русия боздошт шуда буд, раҳо шуд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Додситонии кулли Русия шаҳрванди Тоҷикистон Ҷӯраев Диловарро озод кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии додситонии Тоҷикистон.
Ин ниҳод қаблан унвонии Прокуратураи генералии Русия номаи дархостӣ ирсол ва дар он озодии Ҷӯраевро тақозо намуд. Ҷӯраев 8 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Новосибирски Русия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дастгир шуд.
Мақомоти Қирғизистон Ҷӯраевро дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Қирғизистон муттаҳам медонанд.
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Тоҷикистон аз Қирғизистон хост, ба парвандакушоии беасос хотима диҳад
Аммо додситонии Русия пас аз дастрас кардани мактуби ҳамтоёни тоҷики худ Диловари 52-соларо аз боздошт раҳо намуд.
Манбаъ меафзояд, Раҳмон Юсуф, додситони кулли Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ба роҳбарияти Прокуратураи генералии Русия изҳори миннатдорӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, қаблан Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонии Прокуратураи генералии Қирғизистон дархост ирсол карда, хоста буд, ки ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшад.
Лентаи хабарҳо
0