Сафорат: Миёни кушташудагон дар сӯхтори вилояти Маскав тоҷикон набуданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксПожар на складе, архивное фото
Пожар на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, миёни ҳалокшудагони ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Маскав ҳеҷ тоҷикистоние нест
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар сӯхтори ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав ягон тоҷикистонӣ фавт ва ё осеб надидааст. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи "Facbook"-и худ навиштааст.
Маълумоти мазкурро Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия низ тасдиқ кардааст. Маълум гардид, ки ду нафар аз кушташудагон ва маҷрӯҳони ин сӯхтор шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.
Қаблан бисёре аз расонаҳо хабар доданд, ки дар яке аз сохтмонҳои ноҳияи Солнечногорск сӯхтори шадид сурат гирифт ва ду шаҳрванди Тоҷикистон қурбони ин ҳодисаи нохуш гашт.
Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки 12 ноябр дар ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск ду муҳоҷири тоҷик бар асари сӯхтор ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар захмӣ шуд. Онҳо дар сарой зиндагӣ ва дар сохтмон кор мекарданд.
Хабаргузории ТАСС навишта буд, ки миёни гурӯҳе аз сохтмончиён ва сокинони маҳаллӣ муноқиша рух додааст, ки баъдан ба задухӯрд печидааст.
Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия, (одамкушӣ) парванда оғоз гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала