Солим баромад: таҳдиди ҳабси абад ба ҷавоне, ки дар мактаби Қазон нуҳ нафарро кушт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксИзбрание меры пресечения подозреваемому в стрельбе в школе Казани
Избрание меры пресечения подозреваемому в стрельбе в школе Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Санҷиши Илназ Галявиев, ҷавоне, ки дар мактаби Қазон ҳафт хонанда ва ду омӯзгорро кушт, солим баромад. Ташхиси қаблӣ ӯро девона бароварда буд
Илназ Галявиев, ки дар гимназияи рақами 175-и Қазон тир кушод, солим дониста шуд, гуфт вакили ӯ Владимир Богдан ба РИА "Новости".
"Муфаттиш ба ман гуфт, ки ташхис ӯро солим нишон дод. Худи хулосаро надидам", - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Богдан, ба ӯ ҳамчунин хабар дода шудааст, ки муттаҳам аз хидмати вакилони дифоъе, ки волидонаш киро кардаанд, даст кашидааст. Акнун дар додгоҳ манфиатҳои ӯро вакили мудофеи таъинкардаи тафтишот ҳимоя мекунад.
"Ман инро нақзи ҳуқуқи дифоъ медонам. Бо дархости волидайнаш минбаъд низ аз ӯ ҳимоят мекунам", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, 11 май дар яке аз макотиби Қазон куштори оммавӣ иттифоқ афтод. Ҷавони 19-сола, ки худ хатмкардаи ин боргоҳ мебошад, бо истифода аз маводи тарканда, аввал инфиҷор анҷом ва сипас вориди бинои мактаб шуда, 7 хонанда ва ду омӯзгорро ҳадафи тир қарор дод.
Тирпарронӣ дар мактаби Қазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Навор аз тирпаронӣ дар мактаб, боздошти силоҳбадаст ва кӯч додани хонандагон дар Қазон
Дар ин ҳодисаи нангин ҳамзамон 24 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Феълан алайҳи ӯ парванди ҷиноятӣ боз гардидааст ва ӯро ҳабси якумра таҳдид мекунад.
Пас аз рух додани ин ҷиноят назорати гардиши силоҳ дар Қазон пурзӯр шуд. Агар қаблан барои афроди аз 18-сола боло ҳаққи бо худ гардондани силоҳ дода мешуд, ҳоло ин кор барои нафарони аз 21-сола боло имконпазир аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала