Таваллуди рекордии дугоникҳо дар Ӯзбекистон

CC0 / Pixabay / Близнецы, архивное фото
Близнецы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Аз аввали соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон ҳазорон дугоник ба дунё омадааст, ки аксари онҳо дар вилояти Самарқанд таваллуд шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, аз аввали соли 2021 дар ин кишвар беш аз 13,7 ҳазор дугоник таваллуд шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин идора.
Аз рӯи мизони таваллуди дугоникҳо, вилояти Самарқанд пешсаф буд, дар ин минтақа 1740 тифл таваллуд шудааст. Баъдан вилояти Андиҷон дар садри феҳраст қарор гирифтааст, ки дар он ҷо 1428 дугоник ба дунё омадааст.
Дар ҷои сеюм вилояти Қашқадарё ҷойгир шудааст. Дар он ҷо намуди зоҳирии 1402 тифл ба ҳам монанд аст.
Илова бар ин дар панҷ вилояти дигари Ӯзбекистон теъдоди дугоникҳо аз ҳазор нафар гузаштааст: дар Фарғона, Намангон, Тошканд, Сурхондарё ва шаҳри Тошканд. Дар ин манотиқ расо якҳазорӣ дугоник таваллуд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан олимон дар саросари ҷаҳон афзоиши мизони таваллуди дугоникҳоро сабт карда буданд, ки аз замони мушоҳидаҳо рекордӣ шудааст.
Афзоиши бештар дар Амрикои Шимолӣ (71%), Аврупо (60%) ва Осиё (32%) мушоҳида шудааст. Ҳамин тариқ аз соли 1980 инҷониб шумораи дугоникҳо сеяк - аз 9 то 12 ба ҳар сари ҳазор таваллуд афзоиш ёфтааст.
Фавти кӯдак каму модар зиёд шуд: Вазорат мегӯяд, таваллуди 316 маъюб пешгирӣ гардид
Ин маънои онро дорад, ки ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 1,6 миллион дугоник таваллуд мешавад ва дар ҳар 42-юмин таваллуд дугоник аст.
Олимон сабаби аслии чунин афзоишро ба афзоиши мавориди мудохилаи тиббиӣ, аз ҷумла на танҳо технологияҳои ЭКО, балки усулҳои соддатаре чун ангезиши тухмдонҳо ва бордоркунии сунъӣ рабт медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0