Тормеғ мефарояд: пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик барои 16 ноябр

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон пешгӯӣ доранд, ки ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбандаи бебориш буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Суғдиёнро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Водиҳои шимоли кишвар шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешаванд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона 3-8 дараҷа хунук рӯзона 5-10 дараҷа гарм гузориш шудааст.
Раджаббой Ахмадзода посетил с рабочей группой поля с плодовыми деревьями  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд
Ҳаво дар Хатлон низ тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Дамо дар водиҳо шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳам ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа болои сифр ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва бо фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона 1-3 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала