“Зан надошт”: тафсилоти худкушии корманди амнияти фурудгоҳи Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе ночью, архивное фото
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе худкушии корманди амнияташро таъйид карда гуфт, далели марги ӯ адами пардохти маош набуд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ин нафари дувум аст, ки тайи ду соли ахир дар Хадамоти амнияти фурудгоҳи Душанбе даст ба худкушӣ мезанад.
Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Зафар Ҷалолов ҳаволии соати 8.30 дақиқаи субҳи 14-уми ноябр дар манораи сӯхторхомӯшкунии дохили фурудгоҳ худро ба дор овехтааст.
“Ин ки бархеҳо гуфтаанд, сабаби худкушии ӯ напардохтани маош аз сӯи фурудгоҳ аст, сиҳат надорад. Кормандони мо тамоми санадҳоро диданд ва маълум шуд, ки маоши ӯ пурра пардохт шудааст. Ҳамёни дасташ ва корташ ҳам пул доранд. Ягон шикоят ҳам аз ӯ дар ин боб ворид нашудааст. Аммо сабаби худкушии ӯ барои мо маълум нест. Натиҷаи экспертизаро ҳам нагирифтаему хулосаҳои қаблиро низ. Парвандаи ҷиноӣ аз сӯйи додситонии нақлиёти Тоҷикистон боз шудааст. Мо мунтазири посухи он хоҳем буд”, - гуфт Ҷамила Ҳусейнова.
Мужчина повесился - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Тафсилоти худкушии корманди “Амонатбонк” дар Айнӣ: Чаро Ғиёсиддин худро ба дор овехт?
Зафар Ҷалолови 29-сола, зодаи ноҳияи Восеъ буда, дар маҳаллаи Чимтеппаи шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард ва бино ба иттилои манобеъ, ҳанӯз хонадор нашуда буд. Ӯ аз хонаводаи зиёӣ ва кормандони давлатӣ буда, як замон ронандаи амакаш Шодибек Ҷалолов, сардори собиқи хадамоти амниятии фурудгоҳи Душанбе низ будааст.
Вай чанд сол ба ин сӯ дар бахши муҳофизатии хадамоти амнияти авиатсионӣ кор мекард. Ин бахш масъулияти муҳофизати фурудгоҳро ҳамчун як объекти стратегӣ бар зимма дорад.
Дар ҳамин ҳол ин танҳо ҳодисаи худкушии як корманди бахши муҳофизатии фурудгоҳи Душанбе дар тайи беш аз як соли ахир нест, ки иттифоқ меафтад. 26 октябри соли 2020 Шерафган Хоҷақулов, як корманди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба қавли наздиконаш, ба нишони эътироз аз нагирифтани маошаш барои чанд моҳ худро бо туфангчаи хидматӣ ба ҳалокат расонда буд.
Школьники идут по улице города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Дар Хатлон 33 мактабхон даст ба худкушӣ заданд
Моҳи ноябри ҳамон сол додситонии нақлиётии Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи марги ӯ алайҳи се нафар, аз ҷумла худи Шерафган Хӯҷақулов, аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “қаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Се нафар ба он муттаҳам мешуданд, ки барои харидории билети тайёра аз Душанбе ба Русия 109 ҳазор сомонии ҳудуди даҳ шаҳрвандро гирифта, ба онҳо билет надода буданд.
Парванда ба додгоҳ рафт. Як муттаҳам ҷазо гирифт, якеи дигар ҳамоно дар фирор аст. Аммо пас аз худкушии Зафар Ҷалолов таҳқиқи прокуратура чиро ошкор хоҳад кард, маълум нест.
Ҷанозаи ӯ бегоҳи рӯзи якшанбе, 14 ноябр дар маҳаллаи Чимтеппаи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала