Барканорӣ ва мансаби нави бародарзодаи Қоҳир Расулзода

© SputnikЗариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Зариф Назирӣ, бародарзодаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мақоми муовини раиси вилояти Суғд барканор шудааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Зариф Назирӣ, ки то ҳол муовини раиси вилояти Суғд буд, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъйин гардид.
Бо фармони дигар Раҳматзода Рустам Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Фархор озод шудааст.
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Аз Кӯлоб то Данғара: президент тағйироти кадрӣ анҷом дод
Назирӣ Зариф Вализод, қаблан раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Ӯ 48 сол дошта, дар гузашта дар идораҳои мелиоратсия ва хоҷагии об дар шаҳру навоҳии Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.
Назирӣ аз 12 ноябри соли 2020 бо фармони раисҷумҳур дар мақоми муовини раиси вилояти Суғд фаъолият мекард.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран роҳбарони беш аз 10 шаҳру навоҳӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ-ро иваз кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала