"Бедилу бемағз": Лукашенко аз рӯи сиёсатҳои манфии Лаҳистон парда бардошт

© РИА Новости/Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкСитуация на белорусско-польской границе
Ситуация на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Нил Муйжниекс, комиссари Шӯрои ҳуқуқи башари Аврупо гуфт: "Истифодаи мошинҳои обпошӣ дар сардии зери сифр қобили қабул нест".
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik, Владимир Корнилов. Дуруст, ин ҳарфи ӯ дар моҳи феврали соли 2014 буд, вақте ки ӯ аз Майдони Киев дидан ва "истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ"-и мақомоти вақти Украинаро маҳкум кард.
Эҳтимол ҳоло мо бояд ҳамин вокуниши қотеона ва возеҳро аз Шӯрои Аврупо ва комиссари собиқ Муйжниекс, ки ҳоло мудири дафтари аврупоии созмони маъруфи ҳуқуқи башари “Amnesty International” аст, интизор шавем.
Дар ёд дорам, ки ин созмон низ дар ҳавои гарм истифода аз тӯпҳои обпошро аз сӯи нерӯҳои амниятӣ бо хашм маҳкум карда буд. Масалан, хангоми пароканда кардани намоишҳои ғайриқонунӣ дар Ҳонконг аз тарафи ходимони ҳифзи ҳуқуқи Чин. Сипас ин созмон ба хатари тӯпҳои обӣ барои саломатии эътирозгарон ишора кард.
Лагерь беженцев на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Вазъият дар марзи Белорус ва Лаҳистон якбора тезу тунд шуд - видео
Аммо рӯзи сешанбе дар марзи Лаҳистону Беларус, ки ҳарорати ҳаво ба сифр наздик мешавад, нерӯҳои амниятии Лаҳистон борҳо алайҳи муҳоҷирон, аз ҷумла кӯдакон аз тӯпҳои обпош истифода карданд. Дар чунин ҳол на Шӯрои Аврупо ва на Афви Байналмилал зуд вокуниш нишон надодаанд, яъне тавре ки онҳо ба амалкарди мақомоти Киев ва Ҳонконг вокуниш карданд, дар ин маврид хомӯшанд. Ва СММ гуфт, дар бораи истифодаи тӯпҳои обпошӣ дар марзи Лаҳистон "далел надорад".
Ин дар ҳолест, наворҳое аз истифодаи тӯпҳои обпошӣ ва ҳатто норинҷакҳои флешдор дар он рӯз дар тамоми шабакаҳои телевизионии ҷаҳон паҳн шуда буданд.
Дуруст аст, ки ин кадрҳо бештар муғризона намоиш дода мешаванд. Масалан, хабарнигори CNN Мэттю Чанс, ки худаш зери шиллики тӯпҳои обпоши Лаҳистон ва ҳамлаи кимиёӣ буда, изҳор карда, ки муҳоҷирони Ховари Миёна на танҳо ба сӯи марзбонони Лаҳистон санг мезананд, балки бомб низ меандозанд. Ва шумо бояд донед, ки агар сухан дар бораи бомб аст, пас ба назар чунин мерасад, ки истифодаи обпошҳо чизе нест. Он ки ба ҷуз Чанс касе бомбҳои муҳоҷиронро надидааст, набояд тамошобинони CNN-ро ба ташвиш орад.
Пограничник на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Боздошти тоҷикон бо ҷурми ҳамдастӣ дар убури ғайриқонунии марзи Лаҳистон
Масалан, хабарнигори ВСС Стив Розенберг дар байни муҳоҷирон ягон норинҷак, бомб ва снарядро мушоҳида накардааст. Аммо аз сӯйи дигар дар шарҳи истифодаи нокифояи таҷҳизоти вижаи лаҳистониҳо алайҳи паноҳандаҳои ноумедшуда шарҳи оддии ин амалҳоро пайдо кард: Минск гунаҳкор аст.
Вақте лаҳистониҳо болои муҳоҷирон оби яхбаста рехтанд, Розенберг гуфт: "Ин расмест, ки Александр Лукашенко мехоҳад ба ҷаҳониён нишон диҳад. Беларус кӯшиш мекунад, ки Аврупоро ҳамчун бепарво ва бераҳм, ҳатто дорои рафтори ғайриинсонӣ муаррифӣ кунад".
Хуб, агар белорусҳо чунин идея дошта бошанд, пас ба ин муваффақ шуданд. Дуруст аст, ки ман аз Чанс, Розенберг ва ҳамкорони онҳо мепурсам: оё ин обпошҳои Беларус, ки ба забони лаҳистонӣ ранг карда шудаанд, ба гурезаҳои бадбахт аз қаламрави Лаҳистон об мепошиданд ё Аврупо имрӯз дар ҳақиқат ин қадар бераҳм аст, ки дар ҳавои сард ба сӯйи мардум обпошӣ мекунад?
Дар омади гап, намояндагони мухолифини Беларус, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ба ин гуна муносибат бо паноҳандгон чӣ гуна бархӯрд мекарда бошанд, дар ҳоле ки амали нерӯҳои амниятиҳои кишварашонро ваҳшиёна унвон намуда, маҳкум мекарданд?
Мунсифона бояд гуфт, дар Лаҳистон низ солимфикроне ҳастанд, ки амалиёти нокифояи ходимони амниятии худро дар шароити буҳрони начандон калон маҳкум мекунанд. Масалан, видеоиҳое, ки дар он сарҳадбонон кӯдакони гирёнро ба он тарафи симхор мепартоянд, ҳунарпеша ва овозхони маъруфи лаҳистонӣ Барбара Курдей-Шатанро шадидан ба хашм оварданд. Вай кирдори ҳамватанонашро чунин тасвир мекард: "Инҳо дастгоҳҳои бедил, бемайнанд. Мошинҳое, ки фармонро кӯр-кӯрона иҷро мекунанд... Қотилҳо!".
Беженец с Ближнего Востока раздувает костер неподалеку от пункта пропуска Брузги на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Якеро дафн карданд: Шаби сахти муҳоҷирон дар марзи Беларусу Лаҳистон - тасовир
Дарҳол пас аз ин яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои Лаҳистон мавриди таъқиб қарор гирифт. Ва вазири адлия Збигнев Зебро дар вокуниш ба ин ҷанҷол гуфт, ки ӯ ба Кодекси ҷиноии кишвар ислоҳот ворид мекунад, то масъулияти "ҷосусӣ ва амалҳои парокандагӣ дар робита ба давлати Лаҳистон ё бар зидди имиҷи кишвари мо"-ро сахттар кунад. "
Вазир муътақид аст, ки хашми ҳунарпеша аз амалҳои ваҳшиёнаи нерӯҳои қудратӣ алайҳи кӯдакон беш аз амали марзбонон ба обрӯи кишвар латма ворид мекунад. Таҳдидҳо ба ҳунарпеша таъсир расониданд ва ӯ маҷбур шуд, ки барои суханонаш дар бораи марзбонон узр пурсад. Курдей-Шатан навиштааст: "Ман модари ду фарзандам. Тоқати дидани ранҷу азоби кӯдаконро надорам. Ман чунин дунёро ҳеҷ гоҳ қабул намекунам. Ҳангоми тамошои чунин навор эҳсоси ман дигар намешавад... Аммо ман барои ҳарфи ноҷо ва дашном бахшиш мепурсам".
Бо вуҷуди ин узрхоҳии ҳунарпеша ба гумон аст, ки таъқиб алайҳи ӯ қатъ шавад.
Тавре мебинед, дар Лаҳистон танқид кардани ҳукумати он барои амалҳои ғайриинсонӣ алайҳи муҳоҷирон душвор аст. Зимнан аз истифодаи калимаи "гурезаҳо" мақомоти Лаҳистон ва расонаҳои хабарӣ худдорӣ мекунанд. Хангоми тавсифи ҳодисаҳои сарҳад ҳамаи онҳо калимаи "бегонаҳо"-ро истифода мебаранд.
Аз ин ҷост, дар матбуоти ин кишвар маводе нест, ки сабабҳои ҳақиқии ба вуҷуд омадани проблемаҳои сарҳадро таҳлил кунанд. Ба ин хотир аст, ки сиёсатмадорони олмонӣ мегӯянд, ин нафароне ҳастанд, ки касоне мехоҳанд аз онҳо истифода кунанд.
Стихийный лагерь беженцев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Сабаби аслии "ҳамлаи муҳоҷирон": Аврупо бояд ба ваъдааш вафо кунад
Масалан, вазири корҳои дохилии штати Бранденбург Микаэл Стюбген гуфт: "Ин як ҷанги гибридист. Аммо гурезаҳо одаманд. Мо бояд уҳдадориҳои инсондӯстии худро иҷро кунем." Аврупо дар замони пурташвиш зиндагӣ мекунад, бояд ба ин ҷомеа хотиррасон кард, ки "бегонаҳо" ҳам инсонанд.
Дар ҳар сурат Русия аз Аврупо даъват мекунад, ки аз бераҳмӣ нисбати мардуми ноумед даст кашад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рафтори лаҳистониҳоро комилан ғайриқобили қабул хонда, таъкид кард: “Ман бовар дорам, ки гази ашковар, обпошӣ ва тирҳо аз болои сари муҳоҷирон ба сӯи давлати Белорус талоши пинҳон кардани амали худ аст. Баид аст, онҳо надонанд, ки қавонину созишномаҳои байналмилалиро нақз мекунанд”.
Аз ин рӯ баъзан муфид аст, ки ба комиссарони аврупоӣ, инчунин ҳомиёни сершумори ҳуқуқи башар суханони худро дар бораи ғайриқобили қабул будани истифода аз обпошӣ дар ҳавои сард хотиррасон кунем. Бубинед, онҳо фарқи байни обпошҳои "тоталитарӣ"-и Янукович ва "демократӣ"-и Варшаваро шарҳ медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0