Деҳқоне бар ҷои сафар ба ҳаҷ дармонгоҳ сохт

© Foto Пресс-служба президента ТаджикистанаПалата в больнице
Палата в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Зикриё Мадумаров дар яке аз деҳаҳои дурдасти шаҳри Турсунзода барои мардум ба ҷои сафар ба ҳаҷ як маркази саломатӣ сохт
ДУШАНБЕ, 17 ноя - Sputnik. Зикриё Мадумаров, кишоварзи соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии “Боғи Сомон” дар яке аз деҳаҳои дурдаст - деҳаи Адири ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода маркази саломатӣ сохтаааст, иттилоъ дод дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Турсунзода.
Тибқи иттилои манбаъ, Зикриё Мадумаров яке аз кишоварзони соҳибтаҷриба ва узви хоҷагии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода буда, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ният намуд, ки бар ивази сафар ба ҳаҷ барои мардум хидмат кунад.
“Бо ин нияти нек оғози соли равон дар яке аз деҳаҳои дурдаст ба бунёди маркази саломатии деҳот шуруъ намуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Абдулқодирзода гуфт, имсол рафтан ба Ҳаҷ фарз нест
Зикр шудааст, ки маркази саломатӣ дорои 4 ҳуҷраи корӣ буда, барои беш аз 700 нафар сокини деҳа пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар тантанаи ифтитоҳи муассисаи тиббӣ иштирок намуда, ба Зикриё Мадумаров изҳори сипос намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала