Ҳушдори Патрушев аз гуруснагӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Дабири Шӯрои амнияти Русия аз раванди фоҷиабори ҳаводис дар Афғонистон, аз ҷумла ҷанги нави шаҳрвандӣ ва гуруснагию фақри сартосарӣ ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, агар толибҳо аз уҳдаи муътадил кардани вазъ дар Афғонистон набароянд, дар ин кишвар метавонад фоҷиа рух диҳад.
Ӯ ин нуктаро зимни мулоқоти ҳарсолаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки феълан дар Маскав ҷараён дорад, баён дошт. Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот вазъ дар Афғонистон мебошад.
Патрушев ҳамоҳангӣ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон муҳим хонд.

"Агар ҳукуматдорони нав дар Кобул натавонанд вазъро ба эътидол оранду ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мардуми Афғонистон дастгирии самаранок накунад, тамоюли фоҷиавии ҳаводис метавонад рух диҳад", - изҳор дошт дабири кулли Шӯрои амнияти Русия.

Ӯ аз ҷумла ҳушдор дод, ки метавонад дар Афғонистон ҷанги нави дохилӣ сар занад, гуруснагию фақри сартосарӣ ба вуҷуд ояд.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Ҳузури толибону Тоҷикистон дар Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон дар оянда
Ҳамчунин ин мақомдори Русия ҳамоно яке аз хатарҳои муҳими бархоста аз Афғонистонро терроризм медонад ва ҳамоҳангии ҷомеаи ҷаҳониро муҳим мехонад.
Ҳукуматро дар Афғонистон толибҳо нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат бо қонунҳои шариат бо тафсирҳои хосашон хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хостааст, ки ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу корро риоя намоянд, ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари террористиро қатъ созанд ва ҳукумати фарогире бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсию этникӣ ташкил намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала