Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз эътирозҳо дар 22 шаҳри ҷаҳон алайҳи толибҳо гуфт

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARТалибы стоят на улице
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои охир дар 22 шаҳри ҷаҳон тазоҳурот алайҳи ҳукумати толибҳо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Ҷамъомадагон талабҳои ҳаққи худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳуқуқу озодиҳо баён дошта, эътирозашонро аз аъмоли толибҳо таъкид намуданд, хабар дод Алӣ Майсам Назарӣ, масъули бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.
"Мардуми ғаюру сарафрози мо бори дигар хостаҳои барҳақи хешро ба гӯши ҷаҳон фарёд заданду безорияшонро аз даҳшатафканиҳо таъкид намуданд", - иттилоъ дод Назарӣ.
Ба гуфтаи ӯ, омиле, ки эътирозҳо дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳонро барҷаста кард, ҳузури гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон буд. Назарӣ инро гувоҳи фарохии ҳавзаи иҷтимоии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хонд.
Вай таъкид намуд, ки идомаи эътирозҳо паёми рӯшане ба ҷомеаи ҷаҳонист, ки мардум ба як гурӯҳи ҳаросафкан ҳеч гоҳ сар фуруд намеорад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо ишора ба тазоҳуроту хостаҳои мардум аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашиносанд.
Студенты во время урока в университете в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Вазири толибҳо: Нишастани зану мард канори як миз ҷоиз нест
Ҳукуматро дар Афғонистон толибҳо нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат бо қонунҳои шариат хабар доданд. Тафсире, ки толибҳо аз қонунҳои шариат доранд, дар бисёри ҳолатҳо хилофи арзишҳои исломию мардумии Афғонистон арзёбӣ мешавад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони нав дар Афғонистон хостааст, ки ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро риоя намоянд, ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари террористиро қатъ созанд ва ҳукумати фарогир бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои гуногуни сиёсию этникиро ташкил кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала