Президент имзо кард: Ҳайдарзода ва Сатторзода ихтиёран аз мақомашон истеъфо доданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Ду додрас дар Тоҷикистон ихтиёран аз мақомашон истеъфо додаанд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон истеъфои ду додраси ҷумҳуриро қабул кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Ҳайдарзода Зокир Анварро аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва Сатторзода Ҳотамшо Раҷабро аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод кардааст.
Дар фармони президент, ки 17 ноябр имзо шуд, таъкид гардидааст, Ҳайдарзода ва Сатторзода бо хоҳиши худашон аз мақом озод карда шуданд.
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?
Сабаби истеъфои додрасҳо аз мақом зикр нашудааст. Дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад, ки мансабдоре ихтиёран аз вазифа истеъфо диҳад.
Додрасҳоро дар Тоҷикистон президент таъйину барканор мекунад ва аксаран судяҳо бо сабаби гузаштан ба мақоми дигар, расидан ба синни нафақа ва даст задан ба кирдори ҷиноӣ аз вазифаашон барканор мегарданд.
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон зарурати тоза сохтани мақомоти додгоҳиро аз шахсони тасодуфӣ таъкид намуда, дастур дода буд, ки дар масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ донишу маҳорат ва сифатҳои ахлоқии онҳо мавриди омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала