Қурби рубли русиву евро поин рафт: охирин хабар аз бозори арзи Тоҷикистон

Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Дар бозори арзи Тоҷикистон поинравии қурби рубли русӣ ва евро мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл ба 154.7 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар барои 1000 рубл 155 сомонию 60 дирам медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ каме поин рафт, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.8447 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Бояд гуфт, ки дирӯз арзиши як евро дар бозори арзи Тоҷикистон 12.9373 сомонӣ буд.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Ду асъори аз ҳама фоидаовар номбар шуд: доллар миёни онҳо ҳаст?
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ низ, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2980 сомонӣ аст. Аз дирӯз қурби доллар дар бозори арзи Тоҷикистон бе тағйир боқӣ мондааст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2980 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8447 то 129300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1547 то 0.1555 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала