Раҳмон бо Пашинян даргирӣ бо Озарбойҷонро баррасӣ кард

© Пресс-служба президента РТМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Никол Пашинян ҳамчун раиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар бораи вазъият дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, навиштааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон даъват намудааст, ки ҷонибҳо тавофуқоти ҳосилшударо риоя карда, ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсию дипломатӣ ҳаллу фасл намоянд.
Военнослужащий во время совместных антитеррористических учений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Осиёи Марказии доғ: “Кобалт”, “Ҳамкорӣ” ва ғайра
Ин суҳбат дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 16 август Вазорати умури хориҷии Арманистон эълон кард, нерӯҳои Озарбойҷон ба қаламрави ин кишвар ворид шудаанд. Ба иттилои расида аз Ереван, бархе аз низомиёни арман куштаю маҷруҳ шуда, гурӯҳе ҳам асир афтодаанд. Инчунин дар мавриди талафот аз ҷониби Озарбойҷон хабар дода мешавад.
Вазорати мудофиаи Озарбойҷон низ 16 ноябр аз вазъияти мураккаб дар марз бо Арманистон хабар дода, таъкид намуд, ки амалиёт идома дорад.
Танҳо баъди дахолати ҷониби Маскав ва суҳбати вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо ҳамтоёни арману озарияш даргирии миёни ду ҷониб дар наздикии куҳи Килисали қатъ шудааст. Феълан вазъ нисбатан ором арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала