Тасодуфе, ки бо гол анҷомид: лаҳзаҳои ҷолиби бозии тимҳои Тоҷикистону Қазоқистон - видео

Обуна шудан
Лаҳзаҳои ҷолиби бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон дар як навор гирд оварда шуданд
Фурсатҳои калидии бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистону Қазоқистон дар шаҳри Нурсултонро, ки бо пирӯзии тими мизбон анҷомид, расонаҳои қазоқ нашр кардаанд.
Бозии дӯстона дар варзишгоҳи "Остона-арена" бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими Қазоқистон анҷом ёфт. Голи ягонаро нимҳимоятгари қазоқ Бахтиёр Зайнуддинов, легионери 23-солаи мизбон, ки феълан дар дастаи ССКА-и Москва бозӣ мекунад, дар дақиқаи 12-ум ба дарвоза ворид кард.
Ӯ аз иштибоҳи дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев истифода карда, тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ ба ҳадаф расонд. Ин бозиро ҳакамон аз Беларус бо раҳбарии Амин Кургхели доварӣ карданд.
Дар ин бозӣ сармураббии муваққати тими миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев буд. Ӯ гуфт, футболбозони тоҷикистонӣ дар ҳоле вориди майдон мешаванд, ки давоми шаш моҳи охир тамрини якҷоя накардаанд.
Лентаи хабарҳо
0