Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксПредставители политического совета движения "Талибан"
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Вазорати умури хориҷаи гурӯҳи толибон дар як баёнияе гуфтаанд, ки дар ҷараёни музокирот дар Кобул вазоратҳои хориҷаи Эрону Афғонистон барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Эрон дар Кобул бо намояндагони ҳукумати толибон дидору гуфтугӯ кард ва дар ин дидор масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, муҳоҷират ва рушди ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Дар баёнияи толибон омадааст, "афғонистониҳо ва давлати ҷадиди Афғонистон равобит хубе бо Эрон доранд ва талош мекунанд, то ин равобитро беҳбуд бахшанд. Мо гурӯҳҳои фаннӣ ташкил додаем, ки ба баррасии мавзуоте, ки дар назар гирифтаем, идома хоҳем дод ва умедворем, ин гурӯҳҳо бештар тақвият шаванд".
Али Шамхони, Глава высшего совета национальной безопасности Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Нигаронии Эрон аз ҳукумати нави Толибон* дар Афғонистон
Ёдовар мешавем, дар авоили моҳи август толибон ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Дар ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул бо ҳимояти Амрико шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо кор мекарданд, ба кишварҳои дигар интиқол дода шуданд.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Дар авоили моҳи сентябр гурӯҳи толибон ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистонро эълон карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала