Толибон: Муҷримоне мисли Карзай ва Абдуллоҳ низ вориди афви умумӣ шудаанд

© AP / Altaf QadriПредседатель высшего совета Афганистана Абдулла Абдулла
Председатель высшего совета Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Сарпарасти Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон мегӯяд, иморати исломӣ аз Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр ҳифозат мекунад, дар ҳоле ки оё муҷримини бузург аз онҳо вуҷу дорад?
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Шайх Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон дар сафаре, ки рӯзи гузашта ба вилояти Балх дошт, бо мақомоти ҳукуматӣ ва бархе намояндагони гурӯҳҳои қавмӣ дидор ва бар зарурати густариши амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар ҷомеа таъкид кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Сарпарасти ин вазорати толибон дар изҳороте Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи давлати Ашраф Ғанӣ ва Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси пешини Сеноро муҷримони бузург хонда, ки ба гуфтаи вай, акнун аз сӯйи иморати исломӣ мавриди афв қарор гирифтаанд.

“Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр аз шахсиятҳое ҳастанд, ки феълан дар Кобуланд. Онҳо ба изҳороти сарпарасти Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон то ҳол вокуниш нишон надодаанд”, - гуфт вай.

Оқои Ҳанафӣ ҳамчунин бо ишора ба мансабдорони собиқ ва афроде, ки ин кишварро тарк карданд, гуфт: “Онҳо ин сармояҳои ҳангуфтро аз куҷо ба даст оварданд, Худованд ба инҳо муҳосиба хоҳад кард ва иншоллоҳ, муҷоҳидин (толибон) муҳосиба хоҳанд кард”.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Роҳи дигар надоранд": Комилов гуфт, оё толибон ҳукуматро фарогир мекунанд?
Оқои Карзай дар мусоҳибаҳои ахираш гуфтааст, ки толибон қабл аз эътирофи байналмилалӣ бояд нахуст роҳҳаллро аз тариқи интихобот ва Луи Ҷирга ҷустуҷӯ кунанд.
Замоне ки толибон вориди Кобул шуданд ва қудратро ба дасти худ гирифтанд, "афви умумӣ" эълон карданд. Аммо гузоришҳои зиёде дар бораи интиқом алайҳи бархе аз мансабдорони собиқи давлатӣ ва низомиён мунташир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала