Устоди варзиши Тоҷикистон сармураббии тими миллии Руминия шуд

© Sputnik / Alexey Filippov / Гузаштан ба хазинаи аксНазем Амин Майлс и Александр Гостиев в поединке за бронзовую медаль соревнований по вольной борьбе среди мужчин в весовой категории до 86 кг на II Европейских играх в Минске
Назем Амин Майлс и Александр Гостиев в поединке за бронзовую медаль соревнований по вольной борьбе среди мужчин в весовой категории до 86 кг на II Европейских играх в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин аз Тоҷикистон сармураббии тими миллии Руминия дар риштаи куштии тарзи озод шуд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Юсуф Абдусаломов, варзишгари зодаи Доғистон, ки дар ҳайати тими Тоҷикистон соли 2008 дар шаҳри Пекин медали нуқраро ба даст оварда буд, сармураббии тими миллии Руминия таъйин гардид.
Дар ин бора Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Доғистон хабар дода, афзудааст, ки созишнома бо тими миллии Руминия барои 8 моҳ пешбинӣ шудааст.
Абдусаломов дорои унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон буда, мунтазам дар ҷумҳурӣ ба номаш мусобиқаҳо баргузор мешаванд.
Таджикистан на Олимпийских играх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Номбардорони кишвар: варзишкороне, ки Тоҷикистонро дар бозиҳои Олимпӣ шуҳрат доданд
Бар асоси ҳолнома, Юсуф Рашидович Абдусаломов 8 ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия таваллуд шуда, факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хатм кардааст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Абдусаломов аз соли 2002 узви дастаи мунтахаби кишвар буд ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гардид. Ӯ ҳамчунин медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали нуқраи Бозиҳои Осиё ва медали тилои Чемпионати Осиёро ба даст овардааст. Мавсуф фаъолияти варзишиашро соли 2012 анҷом дода, аз соли 2013 сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон дар риштаи куштии тарзи озод буд.
Юсуф Абдусаломов бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ - ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала