Раиси нави ВМКБ ба мудири Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист лоиҳаҳои нав пешниҳод кард

© Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБМулоқоти Ҳодӣ Ҳусейнӣ, мудири Ожонси Оқохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон бо Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини ВМКБ
Мулоқоти Ҳодӣ Ҳусейнӣ, мудири Ожонси Оқохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон бо Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини ВМКБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Ҳодӣ Ҳусейнӣ, мудири Ожонси макони зисти Оқохон дар Тоҷикистон бо Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини ВМКБ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Алишер Мирзонабот аз мақомдорони Ожонси Оқохон барои саҳмашон дар рушди минтақа изҳори миннатдорӣ карда, бархе лоиҳаҳои навро пешниҳод кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати ВМКБ, дар мулоқот зикр шудааст, ки бо дастгирии шарикони рушд дар шаҳри Хоруғ хатти оби нӯшокӣ бунёд гардид, ки барои беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва беҳбуди инфрасохтори шаҳр пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, Алишер Мирзонабот нақшаҳои минбаъдаи кориеро, ки ба лоиҳаҳои пешин ворид нагардида буданд, ба миён гузоштааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми рутбадиҳӣ ба Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Падари серфарзанд, генерал, 41-сола, таҳсилдидаи Русия: нашри ҳолномаи раиси нави ВМКБ
"Аз ҷумла зинакунонии маҳаллаи Заводи Нон ва Шарифободи шаҳри Хоруғ дар доираи низоми бехатарии шаҳр, бунёди чоҳи амуди дар маҳалаи Валдош Гулмамадов бо мақсади таъмини сокинони маҳалли ва бошандагони маҳаллаи Чухт Хоруғ бо оби тозаи нӯшокӣ ва бунёди хатти ташноб дар маҳаллаи Шарифобод аз нақшаҳои нав унвон гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Раиси ВМКБ дар ин самт аз мудири Ожонси макони зисти Оқохон дар Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба хостааст.
Инчунин ҷонибҳо аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои зиёд намудани майдончаҳои варзишӣ дар вилоят зикр намуда, азмашонро барои идомаи кор дар ин бахш баён доштаанд.
Созиш шудааст, ки мақомоти ВМКБ ҳамкориро бо Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист таҳким мебахшанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала