Аз ВМКБ то Суғду Хатлон: Президент раисони 11 шаҳру навоҳиро таъйин кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони 11 шаҳру навоҳии ҷумҳуриро барканору таъйин кард
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ВМКБ раисони нави ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаро таъйин кардааст.
Дар вилояти Хатлон роҳбарони шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Ҷайҳун, Носири Хусрав иваз гардиданд. Дар Суғд роҳбари ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуд, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки бо қарори ҳукумат Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” озод шуд.
Инчунин пешниҳоди президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии кишвар дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Иқтисодии ҷумҳурӣ бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол шудааст.
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Аз Кӯлоб то Данғара: президент тағйироти кадрӣ анҷом дод
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ҳадафҳои созанда, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрӣ, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ дастур додааст.
Рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра низ аз ҷумлаи супоришҳои раисҷумҳур ба роҳбарони навтаъйини шаҳру навоҳӣ арзёбӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0