Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Чаро мардумро фиреб медиҳанд: панҷ афсона дар бораи ваксинзанӣ алайҳи коронавирус

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Коршинос гуфт, ки чӣ бояд кард, то ба таъсири афсонаҳои ваксинбадбинҳо дода нашуд ва ҳақиқатро дар бораи ваксинзанӣ аз афсона фарқ кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пизишки шоистаи Русия, узви Кумитаи сиёсати иҷтимоии Шӯрои Федератсия Владимир Круглий панҷ афсонаи марбут ба ваксинзанӣ алайҳи коронавирусро ошкор кард.
Аксари ҳукмҳое, ки ҳамчун далели зиддиваксинзанӣ оварда мешаванд, аз ҷониби ваксинабезорҳо паҳн мегарданд, аммо мутахассис шарҳ дод, ки ин гуна далелҳо беэътимод ва бемаънӣ мебошанд.
Аввалин афсона дар бораи ваксина бар зидди COVID-19 ин аст, ки ваксинаҳо кам омӯхта шудаанд.
Ба гуфтаи табиб, "Спутник V" дар асоси аденовируси инсон, ки муддати тӯлонӣ истифода мешавад, сохта шудааст.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ваксина озмуда шудааст ва бехатар аст.

"Вектор як аденовирус аст, ки аз ген барои паҳншавӣ маҳрум аст. Он ба саломатӣ таҳдид намекунад", - таъкид кард Круглий.

Дар мусоҳиба бо "Парламентская газета" ӯ қайд кард, ки вектор ҳамчун хаткашон хизмат мекунад, ки ба он гени рамзгузори сафедаи S-и коронавирус ворид карда мешавад.
Баъзе одамон мегӯянд, ҳатто шахси ваксинашуда метавонад COVID-19-ро ба таври вазнин аз сар гузаронад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон гуфтанд, одам чанд маротиба метавонад гирифтори коронавирус шавад
Ба гуфтаи табиби шоиста, эмкунӣ хатари сироятро аз байн намебарад, аммо омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, афроди ваксинашуда хеле камтар (аз ҳафт то даҳ дарсад) бемор мешаванд. Ва хатари марг камтар аз як фоиз аст.
Пизишк гуфт, ақида дар бораи он ки ваксина инсонро аз ҷиҳати генетикӣ тағйир медиҳад, "бемаънӣ аст". Принсипи амали чунин доруҳо зиёда аз 200 сол боз маълум аст ва ҳама эпидемияҳо бо ёрии ваксинаҳо аз байн бурда шуданд.
"Дар посух ба ворид кардани антигени сафедаи хориҷӣ дар бадан антителоҳои қатъии мушаххас тавлид мешаванд, ки ин антигени мушаххасро нест мекунанд. Ваксинаҳо ба ДНК таъсир намерасонанд", - таъкид кард Круглий.
Аллергия аз ваксина воқеан имконпазир аст, аммо маълумот дар бораи таъсири он ҳамеша навишта мешавад.
Таъсири манфӣ пас аз ваксина хеле кам ба назар мерасад. Гузашта аз ин, тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти сершумор, "Спутник V" бехатартарин ваксина аст, афзуд пизишк.
Градусник с горячим чаем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон роҳи ғайриоддии муҳофизат аз COVID-19-ро ёфтанд
Илова бар ин Круглий таъсири ваксинаро ба саломатии репродуктивии мардон ва занон рад мекунад. Гузашта аз ин худи коронавирус қодир аст, боиси безурётӣ гардад. Пизишк ҳамчунин таъкид кард, ки эмгузаронӣ дар масъалаи ҳомила шудани зан мушкиле ба бор намеорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала