Барфу борону тормеғ мешавад: дамои ҳавои Тоҷикистон барои 16 ноябр

© SputnikПервый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуҳавосанҷон дар Тоҷикистон ҳавои абриву боридани барфу борон ва сардиҳоро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорат дар дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дамои ҳаво дар вилояти Хатлон низ тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон, барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Ба пешбинии ҳавосанҷон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда шуда, саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Рӯзона ҳавои бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанберо низ ҳаво тағйирёбанда шуда, саҳаргоҳон бориши сусти барф ба амал меояд. Рӯзона бебориш шуда, тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала