Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Аз шаҳрвандони Афғонистон дастикам 14 килову 850 грамм маводи психотропии навъи "метамфетамин" кашфу забт шудааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Як гурӯҳи ҷиноятӣ, ки нияти интиқол додани маводи нашъаовар ба шаҳри Душанберо дошт, боздошт шуд. Дар ин бора Агентии назорати маводи нашъаовар хабар дод.
Зикр гардид, кормандони ин ниҳод дар шоҳроҳи Ҷайҳун - Панҷи Поён, дар ҳудуди деҳаи Шоликорони ноҳияи Ҷайҳун ду шаҳрванди Афғонистонро бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон дастгир намуданд.

"Ҳангоми кофтуков аз номбурдагон як халтаи полимерии рангаш сафед, ки дар дохили он 15 адад зарфи пластмасии иборат аз бастаҳои селофанӣ бо маводи кристалии рангашон сафед мавҷуд буд, бозёфт ва мусодира шуд", - омадааст дар хабар.

Тибқи маълумоти шуъбаи экспертизаи судии агентӣ, маводи мусодирагардида 14 килову 850 грамм моддаи психотропии навъи "метамфетамин"-ро ташкил дод.
Ситуация в городе Ош - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Кӯшиши ворид кардани 150 кило маводи мухаддир ба Ӯзбекистон аз Тоҷикистон
Манбаъ меафзояд, дар робита ба ҳодисаи мазкур, мутобиқи Кодекси ҷиноятӣ, моддаҳои 200, қисми 4, банди "д", 335, қисми 2 ва 289, қисми 3, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0