Дар Деҳлӣ ҳамаи макотибу коллеҷҳоро бастанд

Школа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Нисфи кормандони ниҳодҳои давлатию хусусӣ то рӯзи якшанбеи оянда ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Деҳлӣ Комиссияи идораи сифати ҳаво ҳама мактабҳоро баста ва вуруди мошинҳои боркаш ба пойтахти Ҳиндустонро (ба истиснои мошинҳои дорои молҳои зарурӣ) бинобар олудагии ҳаво маҳдуд кардааст, хабар медиҳад NDTV.

"Ҳамаи мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт то содир шудани муҷаввизи азсаргирии кор баста хоҳанд шуд. Танҳо омӯзиши онлайнӣ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабар.

Индекси сифати ҳаво дар Деҳлии Нав ба 403 расидааст. Сатҳи 500 таҳдиде барои қатъи риштаи ҳаёте инсон маҳсуб мешавад.
Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Олии Ҳиндустон ба баррасии даъво алайҳи мақомоти Деҳлӣ дар робита ба олудагии ҳаво шуруъ кард. Ба гуфтаи вакилони додситонӣ, ба ҷуз аз сӯхтор дар саҳро ҳаракати мошинҳо дар атрофи пойтахт, инчунин корхонаҳо, ғубори роҳҳо, плитаҳои ангиштсанг дар меҳмонхонаву ва тарабхонаҳо атмосфераро олуда мекунанд.
Жилмассив Кок-Жар во время смога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Ҳавои Бишкек дар ҷаҳон ифлостарин аст
Зимнан нисфи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ то рӯзи якшанбеи оянда ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард. Дар Деҳлӣ бояд тамоми корҳои сохтмонӣ, ба ғайр аз сохтмони роҳи оҳан, метро, фурудгоҳ​​ ва иншоотҳои дорои аҳамияти умумидавлатӣ таътил шаванд.
Аз ибтидои тирамоҳ вазъи обуҳавоии Деҳлӣ хеле бад шуд. Сӯхтани хошок дар саҳроҳои даравшуда дар атрофи шаҳр ва давлатҳои ҳамсоя яке аз сабабҳои асосӣ гуфта мешавад. Ба гуфтаи деҳқонон, онҳо маҷбуранд, боқимондаи гиёҳҳоро дар саҳро сӯзонанд, зеро маблағе барои харидани таҷҳизоти махсус надоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала