Дар Душанбе ду ронанда барои задухӯрд дар назди бозори "Саховат" ҳабс шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Ошкор ва дарёфти ин ду ронандаро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кормандони милитсия тақозо намуданд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ду ронанда аз ҷониби кормандони милиса дастгир ва ҳабс шуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохилӣ дар пойтахт.
Бинобар хабари ин ниҳод, ронандаҳо чанд рӯз пеш дар назди истгоҳи бозори "Саховат" ҷангу ҷанҷол намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд. Зимнан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу навор аз лаҳзаи задухӯрди ронандаҳо аз кормандони милиса хоҳиш намуданд, ки барои вайрон намудании оромӣ дар шаҳр нисбати онҳо чораҷӯӣ шавад.
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Милитсияи Душанбе волидони 48 кӯдакро ба ҷавобгарӣ кашид
Манбаъ меафзояд, ҳар ду ронандаро кормандони милиса муайян ва дастгир намудаанд. Онҳо сокинони шаҳри Леваканд ва ноҳияи Вахш мебошанд, ки зимни як нофаҳмӣ дар Душанбе вориди муноқиша шудаанд.
Раёсати умури дохилӣ қайд мекунад, ки нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар асоси қарори додгоҳ ронандагон ба 5 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала