Эълони мавқеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон дар СММ

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета Безопасности ООН
Заседание Совета Безопасности ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Гуфта мешавад, ба ҷаласаи марбути вазъи Афғонистони Шӯрои амнияти СММ на танҳо кишварҳои узви шӯро, балки кишварҳои ҳамсояи Кобул низ даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии кишвар дар СММ зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди вазъи Афғонистон ироа кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар.
Манбаъ иттилоъ додаст, ки ахиран намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи марбути вазъи Афғонистони Шӯрои амният ширкат ва суханронӣ намуд.
Таъкид шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур дар баробари кишварҳои узви Шӯрои амнияти СММ бархе аз кишварҳои ҳамсоя низ даъват шуданд. Зимни он гузориши намояндаи вижаи дабири кул, роҳбари ҳайати мусоидати СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс дар бораи вазъи Афғонистон шунида шуд.
Афганцы у центра выдачи паспортов в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамеша ба мавқеи худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир дар кишвари ҳамсоя таъкид мекунад ва ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти Афғонистон ҷалб мекунад. Дар маҷлисҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои бонуфуз, аз қабили СММ, САҲА, СҲИ ташкил карда шуда буданд, Раҳмон борҳо дар бораи зарурати расонидани кумак ба Афғонистон гуфта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала