Иштироки даҳ паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи “Гранд слам”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

© International Judo FederationКомроншох Устопирён
Комроншох Устопирён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Дар Мусобиқаи гӯштини дзюдои “Гранд слам”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Тоҷикистонро 10 паҳлавони шинохтаи кишвар муаррифӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бинобар иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз 26 то 28 ноябр дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мусобиқаи “Гранд Слам”-и гӯштини дзюдо баргузор мегардад, ки дар он даҳ варзишкори беҳтарини Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Шаҳбоз Сайдаброров, Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Ҳақназар Назаров, Хушвахт Идиев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов иштирок хоҳанд кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавони сабуквазни Тоҷикистон Шаҳбоз Сайдаброров ба майдон мебарояд. Шаҳбоз қаблан дар мусобиқаи "Гранд слам"-и Тифлис соҳиби нишони биринҷӣ шуда буд.
Дар вазни -66 кг Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Сӯфиев Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Встреча таджикских спортсменов в аэропорту г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Бо карнаю сурнай: истиқболи қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳ - видео
Ҷаҳонпаҳлавон, ҷоизадори мусобиқаи "Гранд Слам"-и Осака Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюм ба рақобат хоҳад баромад. Дар ҳамин вазн як паҳлавони дигар тоҷик, Маҳмадраҳим Сарахонов низ ширкат хоҳад кард.
Ҳақназар Назаров ва Хушвақт Идиев дар вазни -81 кг кишвари моро муаррифӣ мекунанд.
Қаҳрамоги дукаратии Осиё ва чаҳоркаратии "Гранд При" Комроншоҳи Устопириён ва барандаи медали нуқраи Ҷоми Аврупои Оренбург Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90 кг ба майдони рақобат мебароянд.
Паҳлавони сангинвазн Темур Раҳимов дар ин мусобиқа барои гирифтани медал талош хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0