Вокуниши Карзай ба намояндаи толибон, ки ӯву Абдуллоҳро "хиёнаткорони бузург" хонд

© © Sputnik / P. MamaghaniБывший президент афганистана Хамид Карзай
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Ҳомид Карзай, президенти собиқи Афғонистон ба суханони намояндаи толибон, ки ӯву Абдуллоҳ Абдуллоҳро бузургтарин хиёнаткороне номид, ки мавриди афв қарор гирифтаанд, вокуниш кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя – Sputnik. Сарпарасти Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон дар изҳороте Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ, Ашраф Ғанӣ ва Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси пешини Сеноро "ҷинояткорони бузург" хонд, ки ба гуфтаи ӯ, "ҳоло аз сӯи амир-ул-муъминини иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) мавриди афв" қарор гирифтаанд.
Оқои Карзай дар саҳифаи "Твиттер"-и худ навишт, изҳороти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қобили баҳс нест ва дар айни замон барои пойдории сохти миллӣ ваҳдати миллӣ зарур аст.
"Оё ҷинояткорони бузургтар аз Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр ҳастанд? Имороти исломӣ аз онҳо ҳимоят мекунад, аммо дигаронро не? Мо сарнавишти ҳамаи онҳоро медонем", - гуфт вазири толибон.
Ин бори аввал аст, ки як мақоми баландпояи толибон пас аз тасарруфи Кобул аз Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр ба чунин тарз ёдовар мешавад.
Ҳомид Карзай, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Фазл Ҳодӣ Муслимёр пас аз фирори Ғанию суқути Кобул ба дасти толибон дар пойтахт монданд ва то ҳол фаъолияти сиёсӣ мебаранд.
То кунун Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Фазл Ҳодӣ Муслимёр ба ин гуфтаи намояндаи ҳукумати нави Афғонистон посух надодаанд.
Замоне ки толибон вориди Кобул шуданд ва қудратро ба дасти худ гирифтанд, "афви умумӣ" эълон карданд. Аммо гузоришҳои зиёде дар бораи интиқом алайҳи бархе аз мансабдорони давлатии собиқ ва низомиён мунташир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала