Минтақаҳои Русия квотаҳои корро барои муҳоҷирон худ танзим мекунанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Вазорати кор шумораи квотаҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ дар соли 2022-ро эълон кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кард, ки ба минтақаҳо имкони дубора тақсим кардани квотаҳои истифоданашуда барои ба кор қабул кардани муҳоҷирон дар байни худи корфармоён дода шавад.

"Тибқи лоиҳаи фармон, субъектҳо метавонанд квотаро барои он корфармоёне, ки дар давоми шаш моҳ дар ҷиҳати сабти иҷозатнома муроҷиат накардаанд, ба фоидаи ширкатҳое, ки ба муҳоҷирон эҳтиёҷ доранд, коҳиш диҳанд", - шарҳ доданд дар шуъба.

Дар баробари ин комиссияи махсусе "дар сурати тамом шудани захираи квотаҳо дар тамоми кишвар метавонад пешниҳоди субъектҳоро рад кунад".
Вазорати меҳнат ёдовар шуд, коргарони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Русия ба раводид ниёз доранд, тибқи квота вориди кишвар мешаванд. Шумораи квотаҳо ҳар сол аз нав муқаррар карда мешаванд.
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Маскав аз муҳоҷирон ба таври куллӣ даст намекашад
Зимнан тасмим дар бораи ба кор қабул кардани корманд тибқи квота танҳо дар ҳоле қабул мешавад, ки имкони дарёфти мутахассис дар дохили кишвар вуҷуд надошта бошад.
Дар ҳамин ҳол квота барои ҷалби муҳоҷирони корӣ барои соли 2022 аллакай муқаррар шудааст. Он 85 дарсади пеш аз замони ҳамагириро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала