Путин хостори ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳандагон аз Афғонистон шуд

© Sputnik / Евгений Паулин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в саммите "Группы двадцати"
Президент РФ В. Путин принял участие в саммите Группы двадцати - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Путин пешгирии ҷараёни беназорати гурезаҳо ва террористон аз Афғонистонро муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Пешгирӣ аз ҷараёни беназорати гурезаҳо аз Афғонистон ва террористон муҳим аст, гуфт президенти Русия Владимир Путин. Ба гуфти вай, ҳаводиси Афғонистон зарурати чораҳои иловагии амниятӣ дар марзҳои ҷанубӣ ва кумак ба муттаҳидони Русияро тақозо мекунад.

"Он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, зарурати андешидани чораҳои иловагиро барои таъмини амнияти Русия дар марзҳои ҷанубӣ, расонидани кумак ба муттаҳидони мо - кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки Русияро кафили субот дар минтақа медонанд, тақозо мекунад", - гуфт Путин зимни суханронӣ дар нишасти васеи ВУХ.

"Дар ин замина мо бояд фаъолиятро идома диҳем, то аз ҷараёни беназорати гурезаҳо ва вуруди террористону дигар унсурҳои ҷиноӣ ба марз ҷилавгирӣ кунем", - гуфт президент.
Путин афзуд, дар назди мо вазифаи ҷиддие истодааст, бахусус пас аз хуруҷи Амрико.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Толибон ба Владимир Путин сипос гуфтанд
"Бо идомаи тамос бо толибон мо бояд аз форматҳои машваратҳои Маскав ва "сегонаи васеъ" (Русия, ИМА, Чин ва Покистон) бо иштироки бозигарони калидии хориҷию ҳамсояҳои Афғонистон бо мақсади мусоидат ба истиқрори сулҳ дар ин кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ, безарар гардонидани сохторҳои террористию ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир истифода кунем”, - гуфт президенти Русия.
Машваратҳои формати Маскав моҳи апрели соли 2017 таъсис шуда буданд. Он 11 кишварро дар бар мегирад, ки ба созиши Афғонистон манфиатдоранд. Инҳо Русия, Афғонистон, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошанд.
Девочка между бетонными заграждениями в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Сафири Русия дар Кобул: Афғонистон ба тарафи қаҳтӣ равон аст
Федератсияи Русия аз рӯи анъана Иёлоти Муттаҳидаро ба вохӯриҳои формати Маскав даъват мекунад, аммо Вашингтон на дар ҳамаи маҷлисҳо иштирок кардааст.
Дар авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар аз поёни ҷанг эълом карданд.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Беженцы из зоны боевых действий в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Кӣ бештар - паштунҳо ё тоҷикон: "Толибон"* дар Афғонистон нуфусшуморӣ мегузаронанд
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи ҳукмронии якуми гурӯҳ вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.
Ногуфта намонад, ки Муҳаммад Ҳасан Охунд таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала