Аз рублу доллар то евро: Эълони қурби асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон каме гарон шудаву аз евро коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл ба 1555 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 154 сомонию 70 дирам медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ боз поин рафт, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7882 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Бояд гуфт, дирӯз арзиши як евро дар бозори арзи Тоҷикистон 12.8447 сомонӣ буд.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2970 сомонӣ аст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2970 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7822 то 129400 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1555 то 0.1565 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0