Маскав ба Афғонистон чӣ кумак ирсол мекунад?

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкВоенно-транспортный самолет Ан-12, архивное фото
Военно-транспортный самолет Ан-12, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Русия барои сокинони Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои Вазорати дифои Русия кумакҳои башардӯстонаро ба Кобул мерасонад, хабар медиҳад рӯзномаи "Известия" бо такя ба Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон.
Гуфта мешавад, нахустин ҳавопаймои ҳомили кумаки башардӯстонаи Русия рӯзи панҷшанбе ба Афғонистон парвоз мекунад. Он барои сокинони Афғонистон 36 тонна хурокворӣ, дору ва молҳои зарурии рӯзгорро мебарад.

"Дар парвозҳои махсуси Вазорати дифои Русия, ки шаҳрвандони моро интиқол медиҳанд, ба Афғонистон кумаки башардӯстонаи Вазорати ҳолатҳои изтирории ФР мунтақил мешавад. Баъдан боз ду гурӯҳи ҳавопаймоҳои нақлиётии ҳарбӣ бо кумаки зарурӣ хоҳанд омад", - изҳор кардааст Жирнов.

Ба гуфтаи дипломат, дар маҷмуъ Русия тасмим гирифтааст, ки беш аз 100 тонна кумаки башардӯстона фиристад. Тавре Жирнов қайд кард, толибон кафолат додаанд, ки кумакҳои расонидашуда дар байни ниёзмандон тақсим мешаванд.
Сайид Ибрагим Раиси, президент Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Путин бо Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Гуфта мешавад, ҳавопаймо аз Афғонистон шаҳрвандони Русия ва ҳамчунин донишҷӯёни афғонистониеро, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба Русия мебарад. Дар маҷмуъ, 900 донишҷӯ ният дорад, ки таҳсили рӯзонаро дар Русия идома диҳад.
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, бо хуруҷи нирӯҳои Амрико шиддат гирифт. То нимаи моҳи август, дар пасманзари хуруҷи контингенти низомии Амрико аз Афғонистон толибон ҳама шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Лентаи хабарҳо
0