Ҳушдори Кремл дар бораи густариши терроризм ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузаштан ба хазинаи аксПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ гуфт, вазъ дар Афғонистон ба эътидол наомадааст ва бар чолишҳои қаблӣ мушкилоти нав афзудааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, воқеияти нав, ки пас аз 15 август дар Афғонистон пайдо шуд, на худи афғонистониҳо ва на ҷомеаи байналмилалиро ба эҷоди як кишвари осоишта ва ҷудонашавандаи озод аз маводи мухаддиру ҷиноят водор накардааст.
Намояндаи доимии Русия дар СММ дар бораи хатари густариши таҳдиди террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳушдор дод.
Небензя гуфтааст, ки имрӯз хатари воқеии фаъолиятҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла фаъолиятҳо бо номи ҷараёни муҳоҷират вуҷуд дорад. Мо аз толибон интизор дорем, ки ба ваъдаҳои худ барои аз байн бурдани ин чолишҳо амал мекунанд.
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
СММ: Толибон дар баробари густариши ДОИШ* дар Афғонистон нотавонанд
Ӯ гуфт, Русия ҳамчунон аз таъсиси ҳукумати воқеии фарогир, ки манфиатҳои тамоми ақвоми кишвар ва нерӯҳои сиёсӣ, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон ва кӯдаконро ба таври кофӣ инъикос мекунад, дастгирӣ менамояд.
Небензия гуфт, Русия мехоҳад ҳарчи зудтар конфронси байналмилалии Афғонистонро таҳти сарпарастии СММ баргузор кунад.
"Мо чунин мешуморем, ки бояд ҳарчи зудтар конфронси байналмиллалии кумаки молиро таҳти сарпарастии СММ даъват ва эътироф кунем, бори умдаи барқарорсозӣ, рушди иқтисодию молии пас аз ҷанг дар Афғонистон бояд ба дӯши низомиёне, ки тӯли 20 сол дар ин кишвар буданд, гузошта шавад", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон дар ин нишасти амниятӣ Дебора Лион, раиси намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, аъзои толибон дар Афғонистон натавонистаанд ба густариши гурӯҳи “Давлати исломӣ”* дар ин кишвар монеъ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала