Раҳоии шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Русия, ки бо дархости Қирғизистон боздошт шуда буд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксМеждународный аэропорт "Домодедово", архивное фото
Международный аэропорт Домодедово, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт шуда буд, раҳо гашт
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik Комилҷон Юлдошев, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз сӯйи мақомоти Русия боздошт шуда буд, раҳо шудааст, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар.
"18 ноябри соли 2021 дар натиҷаи ҳамкории самараноки намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев Комилҷон, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии "Домодедово" боздошт гардида буд, бинобар беасос будани сабабҳои боздошт озод гардид", - афзуд манбаъ.
Ёдовра мешавем, Юлдошев, сокини деҳаи Чорбоғи ҷамоати Сурхи Исфара ду рӯз қабл, 16-уми ноябр ҳангоми сафар ба Русия дар фурудгоҳи "Домодедово" боздошт шуда буд.
Наздикони ӯ қаблан гуфта буданд, ҷониби Қирғизистон Комилҷон Юлдошевро дар он муттаҳам мекунад, ки гӯё ӯ дар муноқишаҳои марзӣ даст доштааст.
Тоҷикистон аз Қирғизистон хост, ба парвандакушоии беасос хотима диҳад
Юлдошев ягона нафаре набуд, ки бо дархости ҷониби Қирғизистон аз сӯйи мақомоти рус боздошт шуд.
Қаблан Диловар Ҷӯраеви 52-сола, сокини дигари шаҳри Исфараро дар Русия бо талаби Қирғизистон боздошт карда буданд.
Генеральная прокуратура России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Русия дархости Қирғизистонро рад ва шаҳрванди Тоҷикистонро озод кард
Мақомоти Қирғизистон Ҷӯраевро дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон муттаҳам медонанд.
Дар пайи ин додситони кулли Тоҷикистон ба ҷониби Русия нома ирсол карда гуфт, ки абнома дар нисбати боздоштшуда ангезаи сиёсӣ дорад.
Додситонии Русия пас аз дастрас кардани мактуби ҳамтоёни тоҷики худ Диловар Ҷӯраевро аз боздошт раҳо намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала