Ба дигар давлатҳо мераванд: СММ зидди даст кашидани Маскав аз хидмати муҳоҷирон нест

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузаштан ба хазинаи аксСтроительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Коршиносони Оҷонсии муҳоҷирати СММ бовар доранд, ки ин ҳуқуқи ҳар як кишвар аст. Гузашта аз ин муҳоҷирон низ бекор намемонанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Оҷонсии муҳоҷирати СММ ибтикори мақомоти Маскав барои даст кашидан аз кори муҳоҷирон дар сохтмонҳои пойтахтро шарҳ дод.
Оне ки сохтмонҳо дар Маскав аз кори муҳоҷирон даст кашанд, чизи баде нест, мегӯяд Абдусаттор Эсоев, раиси дафтари маскавии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Оҷонсии муҳоҷирати СММ.
Ба гуфти ӯ, ин созмон бар ин назар аст, ки рӯи даст гирифтани чунин тасмимҳо ҳаққи ҳар як кишвар аст. Аммо дар айни замон дар шароити пандемия ин корро амалӣ кардан душвор аст.

"Оё имрӯз андешидани чунин чораҳо воқеӣ аст? Пандемия нишон дод, ки соҳаи сохтмон зарар дидааст", - гуфт дар суҳбат бо РИА "Новост"-и Эсоев.

Рӯзи чаҳоршанбе шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дастур дод, ки шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳо тибқи барномаи бозсозии пойтахт коҳиш дода шавад.
Вай пешниҳод кард, ки русҳо аз минтақаҳои наздик ҷалб, музди меҳнат зиёд ва шароити муносиби корӣ фароҳам шавад.
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Маскав аз муҳоҷирон ба таври куллӣ даст намекашад
Агар зарур бошад, барои ин қитъаи махсус интихоб карда, коргоҳҳо сохта мешаванд. Аммо Эсоев изҳор кард, шубҳа дорад, ки имкони иваз кардани коргарони муҳоҷир бо русҳо имконпазир бошад. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки худи хориҷиён агар дар Маскав ҷои кор пайдо накунанд, ба ҷустуҷӯи бозорҳои нави корӣ шуруъ мекунанд.

"Қисми зиёди муҳоҷирон аслан аз Осиёи Марказӣ меоянд, ҳоло то ҷое ки мо медонем, бозорҳои дигар, аз қабили Куриё, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба рӯи ин шаҳрвандон боз мешаванд. Мо дар ин ҷо ҳеҷ чизи баде намебинем", - гуфт ӯ.

Барномаи таҷдиди Маскав дар соли 2017 қабул шудааст.
Барои иҷроӣ кардани барномаи азнавсозии пойтахт, иваз кардани хонаҳои куҳна (асосан хонаҳои панҷошёнаи давраи Хрушев) ба манзилҳои нав кӯчондани зиёда аз як миллион нафар пешбинй шудааст.
Строительство завода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Собянин дастур дод, ки шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав кам шавад
То имрӯз тибқи барнома дар Маскав 161 хонаи истиқоматӣ бо масоҳати умумии 2 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала