Содироти 22 ҳазор тонна маҳсулоти Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузаштан ба хазинаи аксФлаги Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаги Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Дар давоми ҳафт моҳи соли равон аз Хуросони Разавии Эрон ба Тоҷикистон 22 ҳазор тонна коло содир шудааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ҷаводи Хазоӣ, сарпарасти Созмони санъат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ хабар додааст, ки дар ҳафт моҳи соли равон мизони содироти коло аз Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон 12 миллион долларро ташкил додааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳафт моҳ ҳудуди 22 ҳазор тонна коло содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз назари вазнӣ 484 дарсад ва аз назари арзишӣ 524 дарсад рушд доштааст.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Эрон хостори ҳамкориҳои дарозмуддат дар ҳавзаҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон шуд
Ҷаводи Хазоӣ афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангиҳои Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон нишасти санъат, маъдан ва тиҷорати Эрону Тоҷикистон бо ҳузури ҳайати тоҷикӣ дар моҳи ноябри соли равон дар Машҳад баргузор мешавад.
Хазоӣ тасреҳ кард, тадвини барномаи амалиётӣ ва нақшаи роҳ барои ҳусули мусавваботи чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки Эрону Тоҷикистон, баррасии масоилу мушкилоти содиркунандагони фаъоли устон, арзёбии таҳаққуқи аҳдофи тиҷорати хориҷии устон бо кишвари Тоҷикистон, баргузории вебинари тахассусии тиҷорат бо кишвари Тоҷикистону баргузории намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар шаҳри Душанбе аз аҳдофи ин нишасти муштарак аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала