Тахтиравончӣ: Эрон бетафовут нест, балки аз толибон кафолат мехоҳад

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARТалибы в аэропорта в Кабуле
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Намояндаи Эрон дар СММ чандин масоили муҳим дар мавриди Афғонистонро матраҳ кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ахиран дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба вазъи Афғонистон Маҷиди Тахтиравончӣ аз ҳукумати нави Афғонистон талаб кард, бояд итминон ҳосил шавад, ки хоки Афғонистон ҳаргиз барои фаъолиятҳои террористӣ истифода намешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тахтиравончӣ дар ин нишасти СММ дар барои пешгирӣ аз фурӯпошии комили иқтисоди Афғонистон изҳори назар кард.
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Тавофуқи вазоратҳои хориҷаи Эрон ва Афғонистон барои тақвият равобит ду кишвар
Ба гуфтаи вай, вазъияти башардӯстона бисёр нигаронкунанда аст ва бо наздик шудани фасли зимистон мардуми Афғонистон бо як буҳрони инсонӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
“Эрон ба унвони кишвари ҳамсоя ва бар асоси пайвандҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабии қавӣ байни ду миллат наметавонад нисбат ба мушкилоти мардуми Афғонистон бетафовут бимонад”, - афзуд намояндаи Эрон дар СММ.
Намояндаи Эрон дар СММ бо баёни ин ки ҳамалоти террористии ахир дар Афғонистон бисёр нигаронкунанда аст, афзуд: “Ташкили як ҳукумати фарогир ва мунтахаби мардумӣ бо мушорикати ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ, мазҳабӣ ба мубориза бо терроризму ҷиноятҳои созмонёфта ва тазмину ҳимоят аз ҳуқуқи мардум бар асоси риояти ҳуқуқи башар барои ҳамаи мардуми Афғонистон, шомили ҳар қавму забоне, ақаллиятҳои мазҳабӣ ва занон барои эҷоди як Афғонистони амну босубот ва рифоҳ барои мардум ҳаётӣ аст”.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала