Вазири варзиши Молдив ҳарифашро дағалона захмӣ кард - видео

Обуна шудан
Вазири ҷавонон, варзиш ва ҳаёти ҷамъиятии Малдив Асад Алӣ, ки футболбозиро ба таври касбӣ идома медиҳад, ҳангоми бозӣ дар ҳайати тими миллӣ ба қонуншикании дағалона роҳ дод
Футболбози 35-сола бо оринҷ ба сари рақибаш зад, ки барои ин ӯ мустақиман аз майдон хориҷ карда шуд.
Ин ҳолат дар бозии тими миллии Молдив бо тими Сейшел дар чорчӯби мусобиқаи дӯстона дар Шри-Ланка рух дод.
Голи “роналдовор”-и президент олами футболро ба ҳайрат меорад – видео
Гуфта мешавад, Алӣ дар дақиқаи 92-юми бозӣ ба ҳайси нерӯи эҳтиётӣ вориди майдон шуда, аллакай дар дақиқаи 94-ум ба қонуншиканӣ роҳ дод.
Сухангӯи Додгоҳи олии Молдив Амин Файсал аз амали вазир интиқод кард.

"Ин футбол нест! Ашад Алӣ, ин шармандагист!" - навиштааст Файсал дар "Твиттер" дар шарҳи ин амали вазир.

Алӣ соли 2018 вазири варзиши Молдив таъин шуд. Вай ба аз бозӣ даст накашид ва бозиро дар клубу тими миллӣ идома дод.
Тасодуфе, ки бо гол анҷомид: лаҳзаҳои ҷолиби бозии тимҳои Тоҷикистону Қазоқистон - видео
Дар ҳайати тими миллии Малдив ӯ дар 53 бозӣ ширкат карда, се гол задааст.
Лентаи хабарҳо
0