ВМКБ аз нигоҳи сабти ҷинояткорӣ рекорд гузошт

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Шумораи ҷиноятҳои вазнини сабтшуда дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ба мушоҳида мерасад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Тибқи маълумоти ахири ин ниҳод, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда беш аз 20,2 ҳазор ададро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 фоиз афзудааст.
Агентии омор ҳамзамон маълумоти марбут ба ҳар минтақаро низ нашр кардааст.
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Аз хушунат то қатлу куштор: дар Суғд ҷинояткорӣ алайҳи занон бештар шудааст
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд афзоиши ҷиноятҳо 8,8 фоиз, дар вилояти Хатлон 4 фоиз зиёд шудааст.
Дар навоҳии тобеи марказ афзоиш ба 10,1 фоиз баробар аст.
Афзоиши рекордии ҷинояткорӣ дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ - 27,6 фоиз гуфта мешавад.
Зимнан дар ин муддат дар шаҳри Душанбе теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда 8,8% коҳиш ёфтааст.
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Генерал Назарзода: ҷинояткорӣ дар пойтахт беш аз 10 фисад кам шуд
Теъдоди ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифташуда 4368 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2020 7,4 фоиз зиёд мебошад.
Бақайдгирии ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба куштор низ 11,7 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба номус 63 фоиз, дуздӣ 4,3 фоиз, ғоратгарӣ 45,8 фоиз зиёд шудааст.
Сатҳи умумии ошкор кардани ҷиноятҳо дар моҳҳои январ-октябри соли равон 77,1 фоизро ташкил додааст, ки дар соли гузашта ин нишондод ба 78,4 фоиз баробар буд.
Лентаи хабарҳо
0