Беш аз 100 нафар аз поккорони Суғд кумаки ғизоӣ дарёфт карданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевРаботницы коммунальных служб в Душанбе убирают опавшие листья
Работницы коммунальных служб в Душанбе убирают опавшие листья - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ин кумак бахшида ба Рӯзи парчами Тоҷикистон таҳия шудааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Беш аз 100 нафар поккорони шаҳри Хуҷанд кӯмакҳои ғизоӣ дарёфт карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ин кумак аз ҷониби масъулин ва кормандони ZET-MOBILE бо дастгирии мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тақдим шудааст.
© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдКумаки моддӣ ба поккорони шаҳри Хуҷанд
Кумаки моддӣ ба поккорони шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Кумаки моддӣ ба поккорони шаҳри Хуҷанд
Ин кумак бахшида ба Рӯзи парчами Тоҷикистон гуфта мешавад, ки аз маводи ниёзи аввал, аз қабили орд, шакар, рӯған, биринҷ, макарон, марҷумак, чойи хушк ва ғайра иборат аст.
Неделя культуры Бадахшана в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Садҳо ҷӯроби помирӣ: тӯҳфа ба кӯчарӯбҳои пойтахт барои меҳнати пурмашаққат - навор
Мақомдорон рӯбандаю назофаткоронро гуфтаанд, ки заҳмати шабонарӯзии ҳар яке аз онҳоро қадр мекунанд.
"Аз фаъолияти бомаром ва самаровари шумоён тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад", - гуфтаанд масъулин.
Манбаъ афзуда, бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сироятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала