Австрия аз 22 ноябр маҳдудиятҳои ҷамъӣ эълон мекунад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксПассажиры на платформе вокзала в масках
Пассажиры на платформе вокзала в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Мақомоти Австрия бинобар вазъи даҳшатовари бемории коронаврус аз 22 ноябр маҳдудиятҳои оммавӣ ҷорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мақомоти Австрия аз 22 ноябр ба далели вазъи шадиди гирифторӣ ба COVID-19 ва сарбории зиёд ба бахши тандурустӣ маҳдудиятҳои оммавӣ эълон мекунад.
Дар ин бора рӯзи ҷумъа садри аъзами ин ҷумҳурӣ Александр Шалленберг дар пайи мулоқот бо раҳбарони минтақаҳои Австрия хабар дод.

"Бинобар ҷиддияти вазъ, мо дигар чора надорем, ба ҷуз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои худ ва системаи беҳдоштӣ. Аз рӯзи душанбе, маҳдудиятҳои умумимиллӣ ба муҳлати на камтар аз 20 рӯз ҷорӣ карда мешавад", - изҳор дошт Шалленберг дар нишасти матбуотӣ.

Маҳдудият ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дахл дорад. Австрия инчунин аз моҳи феврали соли 2022 омодагиро барои ҷорӣ кардани ваксинаи ҳатмӣ бар зидди COVID-19 оғоз мекунад.
"Мо ба як қарори душвор омадем - тасмим дар бораи ҷорӣ кардани ваксинаи ҳатмии умумимиллӣ. Он бояд аз феврали соли 2022 эътибор пайдо кунад", -гуфт канслер.
Билл Гейтс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Билл Гейтс поёни пандемияи коронавирусро пешгӯӣ кард
Дар Австрия шумораи гирифторони COVID-19 дар моҳи ноябр паиҳам меафзояд. Ҳамарӯза беш аз 15 ҳазор нафар тоза гирифтори коронавирус мешаванд.
Дар ин замина ҳукумат аллакай аз 15 ноябр барои одамоне, ки ваксина нагирифтаанд ё бемор нашудаанд, маҳдудият ҷорӣ кардааст. Ҳоло танҳо онҳое, ки ваксина гирифтаанд ва ё бемориро паси сар намуданд, метавонанд ба ҷойҳои ҷамъиятӣ раванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала