Бозгашти дигарбораи дастпарвари футболи тоҷик ба "Химки"

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксФутбол. РПЛ. Матч ЦСКА – "Химки"
Футбол. РПЛ. Матч ЦСКА – Химки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Зодаи Тоҷикистон, мураббии футбол Игор Черевченко дигарбора ба тими "Химки" баргашт
ДУШАНБЕ, 19 – Sputnik. Пас аз се ҳафтаи аз кор рафтан дастпарвари футболи тоҷик, мураббии шинохта Игор Черевченко дигарбора сармураббии тими "Химки" шуд.

"Бале, ман метавонам тасдиқ кунам, ки ба "Химки" баргаштам. Ҳайати мураббиён як хел хоҳад буд: Игор Семшов ва Валерий Климов ба он ворид мешаванд”, - гуфтааст Черевченко ба РИА "Новости".

Черевченко рӯзи 25-уми октябр бар асоси тавофуқи тарафайн бо раҳбарияти ин бошгоҳ мақомашро тарк кард. Ба ҷои ӯ Игор Юшченко иҷрокунандаи вазифаи сардори даста буд.
Черевченко аз тирамоҳи соли 2020 раҳбарии "Химки"-ро бар уҳда дорад.
Таҳти роҳбарии ӯ дар мавсими гузашта даста дар ҷадвали Лигаи баратари Русия, дар ҷои ҳаштум қарор гирифт. Дар мавсими имсола "Химки" бо сардории Черевченко аз 12 бозӣ 11 хол гирифт.
Тайи се ҳафтаи ахир бо роҳбарии Юшенко тими вилояти Москва дар ЛБР ду вохӯрӣ гузаронда, бозиро бо "Урал" (0:0) мусовӣ кард ва аз тарафи "Крилев Советов" (0:3) мағлуб шуд.
Игорь Черевченко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Игор Черевченко тарки “Химки” кард: "рафтан бароям осон набуд"
Черевченко 47-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.
Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.
Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула низ фаъолият кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала