Лавров гуфт, мавқеи Маскаву Тошканд дар мавриди Афғонистон наздик аст

© Sputnik / Russian Foreign Ministry / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров перед началом третьего заседания московского формата консультаций по Афганистану.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров перед началом третьего заседания московского формата консультаций по Афганистану. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аз надикии мавқеъҳои Маскаву Тошканд дар мавриди масоили Афғонистон гуфтааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия аз наздик будани мавқеъҳо дар мавриди Афғонистон дар арафаи сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Маскав иттилоъ додааст.
Ҳамсон будани мавзеъҳо дар мулоқоти Лавров бо ҳамтои ӯзбекистонияш Абдулазиз Комилов низ таъкид гардидааст, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Манбаъ аз қавли Комилов овардааст, ки иқдоми мусбати толибҳоро бояд дастгирӣ кард. Аз ҷумлаи чунин иқдом кушодани макотиби духтарон ва иҷозати кори занон дар идораи давлатӣ гуфта шудааст.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Мирзиёев вориди Русия шуд
Инчунин таъкид шуд, ки эътирофи ҳукумати толибҳо аз ташкили ҳукумати ҳамашумул, таъмини ҳуқуқҳои бунёдии инсон, роҳандозии сиёсати ҳамсоядории хуб ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру терроризм вобаста аст.
Дар баробари ин ҷониби Ӯзбекистон бар ин аст, ки барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи башарӣ дар Афғонистон бояд дороиҳои бонкии ин кишвар раҳо шаванд.
Инчунин пешниҳодҳо ба ҳамсояҳои Афғонистон барои қабули гурезаҳои афғонистонӣ ба ивази кумаки молӣ қобили қабул нест ва набояд мушкилоти иловагӣ бори ҳамсояҳо шавад, изҳор доштааст вазири Ӯзбекистон.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат тибқи шариат бо тафсирҳои хосашон хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0