Марде дар Турсунзода аввал ҳамсар ва баъд худро корд зад

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Турсунзода мард худ ва ҳамсарашро корд заду бистарӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 – Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода марде аввал ҳамсараш ва сипас худро корд зад, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар бораи кордкашӣ зан ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза муроҷиат кардааст.
Дискотека в ночном клубе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Кордкашӣ назди маркази дилхушии "Ором"
Тибқи гузориши манбаъ, зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри мазкур шикоят кардааст, ки шавҳараш, марди 43-солаи сокини ҳамон ҷо ӯро захмӣ кардааст.
Боздошти 36 нафар бо силоҳи сард дар Душанбе: 17 - тои онҳо ноболиғанд
Ба нақли зан, ҳамсараш бо сабабҳои номаълум бо корди ошхонагӣ 6 бор ба узвҳои баданаш зада, баъдан, 2 бор ба узвҳои бадани худаш зудааст.

"Дар натиҷа ҳар дуи онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0