Нархи сабзӣ поин рафт: Палав арзон мешавад?

© Sputnik Торговля морковью на рынке в Худжанде
Торговля морковью на рынке в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон нархи сабзӣ поин рафт ва эҳтимол ин ба арзон шудани нархи палав анҷомад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳосили нави сабзӣ дар дар Ӯзбекистон нархи ин сабзавотро поин бурдааст, навиштааст РИА "Новости".
Нархи зардак қаблан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло рафта, аз ҷумла дар Ӯзбекистон низ 17 дарсад афзоиш ёфта буд. Дар пайи ин нархи палав низ, ки яке аз ғизоҳои калидӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, дар Ӯзбекистон ҳудуди 30 дарсад қимат шуд.
Ба иттилои Кумитаи омори Ӯзбекистон, дар моҳи октябри соли 2021 палави арзонтарин дар вилояти Намангон фурӯхта мешуд, ки ҳудуди 1,4 долларро ташкил медод.
Қиматтарин палав дар Тошканд сабт шудааст, ки 2,3 доллар нарх дошта, тайи як соли охир 29,3% афзоиш ёфтааст.
Грандиозный фестиваль плова в Таджикистане
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Деги оши палови бузург ва 50 ошпаз: Ҷашнвораи “Оши палав” дар Душанбе -видео
Алишер Ҳамидов, иқтисоддони ӯзбек, тавзеҳ дод, ки нархи палав аз арзиши маҳсулоти асосии он, аз ҷумла сабзӣ вобастааст, аммо омилоҳои дигар, аз қабили нархи иҷораю интиқоли маҳсулот низ калидӣ мебошанд. Ӯ илова намуд, ки нарх дар минтақаҳо нисбат ба пойтахт арзонтар мебошад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон пешбинӣ кардааст, ки нархи як кило бехӣ дар Ӯзбекистон дар сатҳи 0,19 доллар то баҳори соли 2022 боқӣ хоҳад монд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи январи соли 2020 Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон "шохиси палав" ва "шохиси бигмак" -ро таҳия карда, ки ба таври ғайрирасмӣ як навъ баҳогузории қобилияти харидории аҳолӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0