Путин: ОМ дар рӯёрӯӣ бо мушкилоти бархоста аз Афғонистон ба кумак ниёз дорад

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии Министерства иностранных дел
Президент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии Министерства иностранных дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Раисҷумҳури Русия бар ин назар аст, ки вазъи ноороми Афғонистон чораҳои фаврии иловагиро тақозо мекунад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазъияти ноором дар Афғонистон андешидани чораҳои иловагӣ дар марзҳои ҷанубӣ ва кумак ба ҳампаймонон дар Осиёи Марказиро тақозо мекунад. Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳори назар кард.

"Он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, зарурати андешидани чораҳои иловагӣ барои таъмини амнияти Русия дар сарҳадҳои ҷанубӣ, расонидани кумак ба ҳампаймонони мо - кишварҳои Осиёи Марказиро тақозо мекунад", - таъкид кард Путин.

Ба гуфтаи Путин, Осиёи Марказӣ Федератсияи Русияро “кафили субот дар минтақа” медонад.
Илова бар ин сарвари Русия бар зарурати ҷилавгирӣ аз вуруди беназорати паноҳандагону террористон аз Афғонистон таъкид кард.
Президенти Русия гуфт, муколамаро бо толибон, ки қудратро дар он кишвар ба даст овардаанд, бо истифода аз формати Маскав идома додан лозим аст.
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Путин: Барои ба расмият шинохтани "Толибон"* набояд шитоб кард
"Мо бояд аз форматҳои машваратии Маскав ва се формати васеъ бо иштироки бозигарони калидии хориҷӣ ва ҳамсояҳои Афғонистон бештар истифода кунем", - гуфт Путин.
Ба бовари ӯ, ин гуна тадбирҳо ба истиқрори сулҳу оромӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Афғонистон, аз байн бурдани террористон ва қочоқи маводи мухаддир аз он мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия дар шароити буҳрони Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Душанбе дастгирии асосиро аз Маскав дарёфт мекунад.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон мустақар аст, ки гуфта мешавад, дар посух ба ҳама гуна ҳамлаи террористӣ омодааст. Ҷумҳуриро СПАД низ дастгирӣ мекунад ва ин созмон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мунтазам тамрин мегузаронад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала