Раҳмон калонтарин Маркази фароғатию тиҷоратии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТМаркази хидматрасонии "Сиёма молл" дар шаҳри Душанбе
Маркази хидматрасонии Сиёма молл дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Дар Тоҷикистон калонтарин Маркази савдову фароғатии ҷумҳурӣ зери унвони "Сиёма молл" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 19 – Sputnik. Маркази "Сиёма молл" аз ҷониби "Авесто гурӯҳ" бунёд гардида, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман онро ифтитоҳ кард.
Ба раисҷумҳур гузориш додаанд, ки маркази навбунёди сеошёна дар масоҳати 24 000 метри мураббаъ сохта шуда, дар он 700 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Аз ҷумла таъкид шудааст, дар он 86 нуқтаи савдою тиҷорат, хидматрасонӣ, толору мағоза ва марказҳои дилхушию фароғатӣ мавҷуд аст, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ кор хоҳанд кард.
Бизнесмены в офисе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Идораҳои гуногуни ноҳиявӣ дар як бино барои самаранокию шаффофияти кор дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани имконияти васеи интихобу харидории молу маҳсулоти гуногун, ки истеҳсоли худӣ ва воридотӣ мебошанд, ба муассисон сипос гуфта, хостори боз ҳам беҳтар кардани хизматрасониҳо шудааст.
Сохтмони Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ибтидои соли 2019 шуруъ шуда, наздики 400 нафар бинокорони маҳаллӣ дар он ба кор машғул буданд.
Таъкид шудааст, ки дар ин бино хидматрасониҳои гуногун, аз мағозаҳои либосҳои брендӣ то макони ғизохӯрию фароғат, толори синамо ва марказҳои омӯзишӣ фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала