Русия 205 шаҳрванди панҷ давлатро аз Афғонистон берун овард

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкВоенно-транспортный самолет Ан-12, архивное фото
Военно-транспортный самолет Ан-12, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Се ҳавопаймои Русия, ки 36 тонна кумаки башардӯстонаро ба Афғонистон расонд, ҳамзамон аз ин кишвар дастикам 205 шаҳрванди панҷ давлати дунёро берун овард
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои "Ил-76"-и Вазорати дифои Русия, ки дар берун овардани шаҳрвандони ин кишвар ва давлатҳои дигар аз Афғонистон иштирок мекунад, дар фурудгоҳи Чкаловскийи вилояти Маскав фуруд омадааст, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
"Ҳавопаймои авиатсияи ҳарбии нақлиётии Вазорати дифои Русия, ки дар тахлияи шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Афғонистон ширкат дошт, дар фурудгоҳи Чкаловскийи вилояти Маскав фуруд омад", — омадааст дар хабар.
Ҳавопаймоҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, Арманистон, Беларус, Украина ва Афғонистонро интиқол доданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки се ҳавопаймои Русия, ки ба Кобул кумаки башардӯстона интиқол медоданд, дар баргашт 205 шаҳрванди панҷ кишвари дунёро аз Афғонистон берун меоранд.
Президент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии Министерства иностранных дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Путин: ОМ дар рӯёрӯӣ бо мушкилоти бархоста аз Афғонистон ба кумак ниёз дорад
Ёдовар мешавем, рӯзи 18 ноябр ҳавопаймои вазорати мудофиаи Русия ба Афғонистон 36 тонна кумаки башардӯстонаро интиқол дод. Ин кумакҳо аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат буданд.
Зимнан ҳукумати муваққати Афғонистон барои ирсоли кумакҳо ба раисҷумҳури Русия ва вазири мудофиаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, умедворӣ кард, ки интиқоли кумакҳо аз Русия минбаъд ҳам идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0