Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сироятшинос замони коҳиши маргумири инсон аз коронавирусро гуфт

© AP / Craig RuttleМедицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик
Медицинские сотрудники перевозят тела в рефрижераторный грузовик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Вознесенский, мутахассиси бемориҳои сироятӣ пешгӯӣ намудааст, ки афзоиши мавориди фавт аз коронавирус дар Русия то ду ҳафтаи дигар давом мекунад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Афзоиши шумори фавти беморони гирифтори коронавирус дар Русия метавонад барои як ва ё ду ҳафтаи дигар идома ёбад ва пас аз он мизони марг рӯ ба коҳиш мениҳад.
Чунин пешниҳодро номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи РУДН Сергей Вознесенский ироа намудааст, хабар медиҳад ТАСС.

"Аз ҳама таассуфовар дар ин вазъият ин аст, ки 90 дарсади ҳолатҳои нави гирифторӣ ба ин беморӣ дар минтақаҳо рух медиҳад ва дар он ҷо вазъи таҷҳизот таъминоти моддию техникии беморон бадтар аст", - гуфт ӯ.

Пизишк афзуд, ки зичии аҳолӣ ва таҷҳизоти гуногуни муассисаҳои тиббии минтақаҳои Русия метавонад ба маргумир аз COVID-19 таъсир расонад.
Билл Гейтс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Билл Гейтс поёни пандемияи коронавирусро пешгӯӣ кард
Қаблан доктори илмҳои тиб Владислав Жемчугов сатҳи баланди фавти беморони гирифтори COVID-19-ро бо таъхир дар табобат рабт дода буд
Дар Русия се рӯз пайи ҳам омори фавт аз коронавирус рекордӣ шуд. Давоми як рӯзи ахир дастикам 1254 нафар гирифтори коронавирус ҷон бохт. Дар маҷмуъ аз ин маризӣ дар Русия 261 589 нафар фавтидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала